Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 ҷангии Толибон дар Гармсер кушта шудаанд


Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико дар як задухӯрд дар ҷануби Афғонистон тақрибан 12 ҷангии Толибонро ба ҳалокат расондаанд. Ин даргирӣ рӯзи душанбе дар улусволии Гармсери вилояти Ҳилманд, дар наздикии марз бо Покистон, рух додааст.

Ду ҳафта пеш нирӯҳои Амрикову Бритониё таҳти фармондеҳии паймони низомии НАТО ба хотири аз Гармсер берун кардани ҷангиёни Толибон ва аз байн бурдани пойгоҳҳои онон як амалиёти густардаеро дар ин минтақа ба роҳ андохта буданд.

XS
SM
MD
LG