Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Мун ва Буш аз хунтаи Мянмар


Дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш хунтаи низомии ҳоким дар Мянмарро ба далели вокуниши кундаш ба пайомадҳои тӯфони “Наргис” ба боди шадиди интиқод кашиданд. Ин тӯфон, ки рӯзи 2 май ба Мянмар асобат кард, даҳҳо ҳазор нафарро дар ин кишвар кушта ва тақрибан 1,5 миллион тани дигарро дар рӯбарӯи хатари гуруснагӣ ва гирифторӣ ба амроз барҷой гузошт.

Бан Ки Мун вокуниши “ба таври ғайриқобилиқабул кунд”-и хунтаи Мянмар ҷиҳати рафъи пайомадҳои тӯфони “Наргис” изҳори нигаронии амиқ ва таассуфи бениҳоят кард.

Ҷорҷ Буш гуфт, чунин вокуниши тунди ҳокимони Мянмар бояд мояи хашми ҷаҳон шавад.

XS
SM
MD
LG