Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии эътилофи рӯ ба ғарби сербҳо дар интихобот


Дар интихоботи парламентии Сербия эътилофи нерӯҳои рӯ ба ғарб пешдастӣ дорад, вале миллатгароҳо мегӯянд, ки онҳо низ бояд имкони таъсиси ҳукуматро дошта бошанд. То ҳол омори расмии интихобот нашр нашудааст, вале бар пояи ҳисобҳои ғайрирасмии мустақил эътилофи рӯ ба ғарби президент Борис Тадич бо 39% раъйҳо дар ҷои аввал қарор дорад.
Тибқи иттилои ҳамин манбаъҳо ҳизби миллатгарои ашаддӣ бо номи ҳизби Радикал дар мақоми дуюм ҷойгир аст.
Тадич мегӯяд, пешдастӣ имкон медиҳад, ки эътилофи рӯ ба ғарб ташкили ҳукуматро бар ӯҳда гирад.
"Дар агар дар байни ҳизбҳои нокомшуда ақидаи бунёди эътилоф ҷой дошта бошад, ҳаминро мегӯям, ки ин вазъи солҳои 1990 такрор менамояд ва он хилофи раъйи мардуме хоҳад буд, ки имрӯз дар раъйдиҳӣ иштирок кардаанд. Қабули ин қарор ва паёмади ин интихоботи парламентӣ чунин роҳи ҳалро аз эҳтимол дур медонад."
Вале раҳбари ҳизби радикал Томислав Николич изҳор намуд, ки гурӯҳи зери раҳбарии ӯ ҳамроҳ бо ҳизбҳои муттафиқ дар паи ташкили ҳукумат мешаванд.
Тибқи омори ғайрирасмӣ эътилофи миллатгароҳо 50% курсиҳои Парламенти сербро дар ихтиёр хоҳанд дошт.
Натиҷаи интихоботи рӯзи якшанбе дар арзёбии номзадии Сербия барои узвият дар Иттиҳодияи Аврупо саҳми бузург хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG