Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тадич ҷонибдоронашро бо пирӯзӣ табрик кард


Борис Тадич-раиси ҷумҳури Сербистон эълон кардааст, ки ҳизби вай дар интихоботи порламонии кишвараш пирӯзӣ ба даст овардааст. Ҳизби раиси ҷумҳур аз Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ мекунад. Борис Тадич ҷонибдоронашро бо ин пирӯзӣ табрик гуфт:
"Ташаккури бепоён ба ҳамаи шумо. Ин барои Сербистон ва демократияи пирӯзии бузург аст, ин пирӯзии бузург барои ояндаи Иттиҳодияи Аврупост".
Аммо рақиби вай Томислав Николич-раиси Ҳизби Радикол ё Тундрав ҳушдор додааст, ки ҳизби вай бо ҳизбҳои дигари ҷонибдораш барои ташкили ҳукумати нав эътилоф ташкил медиҳанд ва ҳизби раиси ҷумҳур аз эътилоф берун хоҳад монд. Натиҷаҳои расмии интихоботи 11-уми май то ҳол мунташир нашудааст, вале тибқи муълумоти муқаддамотӣ дар ининтихобот ҳизби раиси ҷумҳур, яъне Ҳизби Демократ 39 дарсади ороро ба даст овардааст. Ҳизби рақиби вай 10 дарсад аз ин ҳизб ақиб мондааст.
XS
SM
MD
LG