Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мянмар: пас аз тӯфон – ...назарсанҷӣ


Дар Мянмари чанд рӯз пеш ба фалокати табиъӣ мувоҷеҳшуда оид ба ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ референдум ё назарсанҷӣ сурат гирифт.

Давлати таҳти тасарруфи низомиёни Мянмар (Бирмаи собиқ) бар ин аст, ки тӯфони ҷони қариб 100 000 одамро бурда далеле барои референдуми қаблан таъйингардида шуда наметавонад.
Дарҳоле ки баъди тӯфони фалокатбори ахир садҳо ҳазор аҳолии Мянмарро беманзилу муҳтоҷи кумак кардааст, ҳукумати кишвар имрӯз дар тамоми мамлакат референдумро оид ба қонуни асосӣ баргузор мекунад. Ба шаҳрвандони ин кишвар пешниҳод мешавад, ки тарҳи нави конститутсияи Мянмарро, ки чанде пеш аз тарафи хунтаи низомӣ тасдиқ шуда буд, қабул намоянд.
Қитъаҳои интихоботӣ дар саросари мамлакат, ба ҷуз аз манотиқи аз тӯфон осеби сахт дида, имрӯз кушода шуданд. Қарор аст, ки дар навоҳии фалокатрасида назарсанҷӣ 24-уми май баргузор шавад.
Дар ҳамин ҳол, хунтаи ҳукмрони низомии Мянмар эълом кардааст, ки ин референдум барои дар соли 2010 баргузор намудани интихоботи демократӣ роҳ мекушояд. Вале мухолифини муътақиданд, ки пас аз референдум ҳокимиятдории генералҳо боз ҳам қавитар хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол намояндагони Барномаи ҷаҳонии ғизо эълом намуданд, ки омдаанд назорат бар кумакҳои башарӣ ба Мянмарро, ки феълан ҳукуматҳои маҳаллӣ таҳти назорати худ гирифтаанд, аз сар бигиранд.
XS
SM
MD
LG