Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдор аз гармо


Мақомоти беҳдоштии вилояти Хатлон аз эҳтимоли бурузи бемориҳои сироятӣ бар асари гармоиши зиёда аз интизороти иқлим изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ҳаким Худойбердиев, раиси маркази вогиршиносии Хатлон, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки ҳарорати ҳавои Тоҷикистон то 1 дараҷа баландтар аз вазъи маъмулӣ шудааст, эҳтимоли шиддат гирифтани мушкилоти эколожӣ, норасоии оби нўшиданӣ, талафёбии маводди ғизо ва гузашта аз ин, хуруҷи бемориҳои шадиди рўдаю меъда, зардпарвин, домана ва табларза бас афзун шудааст. Оқои Худойбердиев навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон ва минтақаи Кўлоби вилояти Хатлонро манотиқи бештар хатарзо унвон мекунад:

«Дар ноҳияи марзии Панҷ, навоҳие, ки аз беобӣ танқисӣ мекашанд, мисли ноҳияи Носири Хусрав ва минтақаи Кўлоб, ки ҳамасола хуруҷи бемории домана ва сил дар он ҷо ба мушоҳада мерасад, имсол низ эҳтимоли бурузи бемориҳои сироятӣ зиёд аст ва моро мебояд диққати иловагӣ ва умури изофиеро дар ин манотиқ анҷом бидиҳем…»

Дар ҳамин ҳол, Баргигул Баротова, муовини сарпизишки Маркази саломатии Қўрғонтеппа, бо таваҷҷўҳ ба мушкили гармоиши иқлим, гуфт, боришоти кам, норасоии ғизо ва ифлосии обҳои нўшиданӣ аз пайомадҳои гармоиши иқлим ва манобеъи аслии бурузи бемориҳо мебошад. Ба қавли хонум Баротова, ҳавои ба сурати бесобиқа гарми ҷануби кишвар боиси хуруҷи бемориҳои шадиди диққи нафас ва дарунравӣ дар миёни кўдакони зери синни 5 гардидааст. Танҳо дар шаҳри Қўрғонтеппа дар ду моҳи ахир 330 кўдаки то 5-сола бо бемории шадиди роҳи нафас ва дарунравӣ ба қайд гирифта шудааст:

«Мо ҳатто дар моҳҳои январу феврал, ки сармои қаҳратун буд, ба ин теъдод муроҷиатҳо аз сўйи беморонро ба қайд нагирифта будем. Дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта фоизи мубталоён ба бемории шадиди роҳҳои нафас ва дарунравӣ хеле баланд шудааст. Аммо ташвишовар аст, ки бо гармоиши ҳаво бемориҳои натанҳо сироятӣ, балки мисли камхунӣ, диабети қанд, баландшавии фишори хун ва ғайра шиддат гирифта, дар ин ҳавои бесобиқа гарм сустшавии иммунитети бадан, беҳолӣ, нафастангӣ ба ҳама синну соли беморони мо таҳдид мекунад…»

Баргигул Баротова, муовини сарпизишки Маркази саломатии Қўрғонтеппа, гуфт, беҳтар ин аст, ки сокинони ҷануби кишвар, манотиқи беш аз ҳама гарми Тоҷикистон, дар рўзу соатҳои ҳавои бесобиқа гарм аз гаштугузор дар кўҷаву хиёбонҳо худдорӣ варзанд ва ба саломатии худ беш аз ҳарвақта таваҷҷўҳ бикунанд.

Дар зарфи чаҳор моҳи соли равон дар қаламрави устони Хатлон 1612 нафар гирифтори бемориҳои шадиди рўдаю меъда, 600 бемори сил, 22 нафар бо бемории домана ва 143 мубтало ба зардпарвин расман ба қайд гирифта шудаанд. Маркази вогиршиносии Хатлон ҳарчанд вазъи феълиро мўътадил арзёбӣ мекунад, аммо ҳушдор медиҳад, ки бо фаро расидани мавсими гармо, ба эҳтимоли қавӣ, шумори мутбалоён ба ин навъи бемориҳои сироятӣ то чанд карат афзун хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG