Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷилавгирӣ аз вуруди 100 000 Инҷил ба Тоҷикистон


Рӯҳонӣ Рашид Шамсизода, раҳбари масеҳиёни баптист дар Тоҷикистон, аз манъи вуруди 100 000 адабиёти мазҳабӣ ба ин кишвар изҳори ташвиш мекунад.

Ба гуфтаи вай, мақомоти Тоҷикистон дар роҳи вуруди адабиёти мазҳабӣ мониъа эҷод кардаанд, ки дар натиҷа пайравони масеҳиятро аз дастрасӣ ба адабиёти тозанашр бебаҳра месозанд:«Хадамоти гумрук воқиъан ҳам иҷоза надод, ки ин теъдод Инҷил ба Тоҷикистон ворид шавад, ҳарчанд Инҷилро дар тамоми дунё мехонанд, эътироф мекунанд ва мамнӯъ намедонанд. Моро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯиё ғайриқонунӣ ин китобро мехостем ворид созем. Ин ҳарфи воқеъӣ нест. Чунки раёсати дин дар Вазорати фарҳанг аз ин кори мо огоҳ буд. Ва ин теъдод Инҷил ба мо аз Беларус ҳамчун туҳфа интиқол мешуд. Тибқи қавонини Тоҷикистон ман ҳақ дорам, ки ба сокинони ин кишвар дар бораи мазҳаби худ нақл кунам. Агар ин кор то ба додгоҳ расад, хоҳам гуфт, ки бо ин амалкарди худ мақомот ҳуқуқи пайравони моро нақз карданд. Исои Масеҳ низ нагуфтааст, ки Инҷил фақат барои масеҳиён аст. Бубинед, Қуръон ҳам ба чандин забони дунё тарҷума ва паҳн мешавад. Онро касе манъ накардааст, аммо чаро Инҷил манъ шавад?»
Р. Шамсизода мегӯяд, қадами баъдии ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ақаллиятҳои мазҳабӣ аз ин ҳам сахттар хоҳад буд. Вай мегӯяд, тарҳи ҷадиди қонуни дин, ки ҳанӯз ҳам баррасии он миёни маҳофили Тоҷикистон ва ақаллиятҳои мазҳабӣ хотима наёфтааст, дар сурати тасвиб гардидан, фаъъолияти онҳоро боз ҳам маҳдуд мекунад.
Мазҳаби баптистӣ дар Тоҷикистон дар соли 1929 ба вуҷуд омадааст ва баъд аз истиқлолият бахши аъзами баптистҳо Тоҷикистонро тарк кардаанд ва ҳоло пайравони онҳо на камтар аз 500 нафар рақам зада мешавад.
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар як нишасти матбуъотӣ эълом дошт, ки 100 000 нусха Инҷил бидуни иҷоза ва ташхиси шуъбаи диншиносии ин вазорат тариқи қатор ба Тоҷикистон ворид мешуд: «Созмоне, ки ин адабиётро мехост ба Тоҷикистон ворид кунад, қаблан бо мо ҳамоҳанг накарда буд. Бинобар он ки эҳтиром гузоштан ба қонунгузориҳои Тоҷикистон риъоят нашудааст, мо ҷавоби радд додем. Мутаассифона, баҳсҳо дар ин атроф бо созмонҳои дигари мазҳабӣ ва сафоратхонаҳо низ вуҷуд дорад».
Вазирифарҳанги Тоҷикистон аз он изҳори ташвиш кардааст, ки интеъдод Инҷили мансуб ба масеҳиёни баптист дар баробари теъдоди пайравони ин мазҳаб дар Тоҷикистон даҳҳо маротиба бештар будааст. Мақомот то ҳанӯз ба натиҷае нарасидаанд, ки чунин теъдоди зиёди китоби Инҷил ба Тоҷикистон бо чи ҳадафе ворид мешуд. Ба кишваре, ки ҳудудан 97 дарсади сокинонаш худро мусулмон мешуморанд ва аз Ислом пайравӣ мекунанд. Аммо рӯҳонӣ Карлос Авила, раҳбари католикҳои Тоҷикистон, мегӯяд, пайравони католикӣ то ҳанӯз аз камбуди Инҷил ранҷ мебаранд ва боздошти ин теъдод китоб дар марзи кишвар ба ҷамъияти католикҳои Тоҷикистон низ бетаъсир набудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, қонунгузории кишвар ҳарчанд вуруди адабиёти мазҳабиро манъ намекунад, аммо ташхиси намунаи он қабл аз вуруд ҳатмист. Тақозое, ки иҷрои он ба гуфтаи мақомот на камтар аз 15 рӯз тӯл мекашад, аммо ҳар лаҳза аз сӯи ақаллиятҳои мазҳабӣ сарфи назар шуда, мушкили муносибати давлат бо диндоронро афзун месозад.
Бо ин ҳол, аҳолии суннимазҳаби Тоҷикистон ба пайравони дигар мазоҳиб бо таҳаммул муносибат мекунанд ва Тоҷикистон то ҳол шоҳиди хушунатҳои мазҳабӣ нашудааст. Вале дар соли 2000 дар шаҳри Душанбе як маъбади марбут ба калисои масеҳии Сон-Минро таркониданд ва соли 2004 дар Исфара роҳиби баптист Сергей Бессараб дар натиҷаи як суиқасди пайравони гурӯҳи тундрави мазҳабии мавсум ба Байъат кушта шуд. Ва давлати Тоҷикистон тобистони соли гузашта фаъъолияти созмони масеҳӣ ва мубаллиғии Шоҳидони Яҳворо дар ин кишвар манъ кард.
Ба сурати умум, ба эътиқоди коршиносон, як ҳусни таҳаммули нисбӣ миёни мазоҳиби мухталиф дар Тоҷикистон пойбарҷост ва дар саҳнаи динии кишвар метавон пайравони тақрибан ҳама мазҳабҳои бузурги дунёи муъосирро дучор омад.
XS
SM
MD
LG