Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ирон шаш бамгузор боздошт шуд


Вазири иттилоъоти Ирон хабар додааст, ки дар робита бо инфиҷори фоҷеъабори моҳи гузашта дар дар масҷиде дар Шероз шаш нафар афроди машкук боздошт шудаанд. Хабаргузории ИРНО аз қавли Ҳуҷҷат-ул-Ислом Муҳсинӣ Эҷейӣ навиштааст, раҳбари гуруҳи табаҳкор ҳангоме боздошт шудааст, ки талош доштааст бо маводи мунфаҷира Иронро тарк кунад. 11-уми апрел дар инфиҷори масҷиди Шероз 12 нафар кушта, 190 нафар ҷароҳат бардошта буданд.
XS
SM
MD
LG