Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 нафар барои сарнагун шудани бино зиндонӣ шуданд


Дируз додгоҳи Озарбойҷон панҷ нафарро барои риъоят накардани амнияти корҳои сохтмонӣ маҳкум ба зиндон кард. Дар натиҷаи риъоят нашудани корҳои амниятӣ дар сохтмон соли гузашта ин бино дар Боку хароб ва боъиси марги 25 нафар шудааст. Ҳамаи панҷ нафар зиндонишудагон, ба шумули сармуҳандис, коргарони як ширкати сохтмонианд. Сармуҳандис 9 сол ва чаҳор нафари дигар, аз ҷумла меъмор, аз чаҳор то панҷ солро дар зиндон сипарӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG