Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти эрониҳо дар Афғонистон


Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, ки ду шаҳрванди Эронро бо иттиҳоми ҷосусӣ дар назди таъсисоти низомии НАТО ва Афғонистон боздошт карданд.

Ғулом Дастгир Озод - волии вилояти ҷанубуғарбии Нимрӯз, ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз боздоштшудаҳо, санад ва аксҳое дар даст дошт, ки далели иртиботи вай бо тундравон мебошад.

Маъмурони пулиси ноҳияи Хӯсти Афғонистон низ мегӯянд, ҳафтае пеш дар наздикиҳои минтақаҳои ноороми қабиланишини Вазиристони Шимолии Покистон як шаҳрванди дигари Эронро дастгир кардаанд.

XS
SM
MD
LG