Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви 900 маҳбуси туркман ба муносибати Рӯзи Ғалаба


Назар ба гузоришҳои расида президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов амр додааст, ки ба муносибати Рӯзи Ғалаба бар фашизми Олмон 900 маҳбус мавриди афв қарор гиранд. Ба навиштаи нашрияҳои туркманӣ аксари маҳбусон солҳои 2007-2008-ум аз озодӣ маҳрум шудаанд. Ин чорумин афви Бердимуҳаммадов мебошад, ки моҳи декабри соли 2006-ум баъди марги Сапармурод Ниёзов сари қудрат омадааст.
XS
SM
MD
LG