Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гаронтар шуд


Бино бар таруфаҳои наве, ки ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, арзиши нерӯи барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо як баробар афзоиш ёфт.

Ҳамакнун, аҳолӣ барои як киловатт соат нерӯи барқ 4,8 дирам пардохт хоҳад кард.

Ин дувумин афзоиши қимати нерӯи барқ дар чор моҳи соли ҷорӣ мебошад. Дар аввали сол нерӯи барқ 20 дар сад гарон шуда ва 3,2 дирам барои як киловатт соатро ташкил медод.

Ҳамзамон, қимати нерӯи барқ барои корхонаҳо низ гарон шуда, ҳамакнун корхонаҳои саноатӣ барои як киловатт соат нерӯи барқ 10,95 дирам пардохт мекунад. Як киловатт соат нерӯи барқ барои Талко 5,15 дирам арзиш дорад. Қимати нерӯи барқ барои сохторҳои буҷавӣ 8 дирам таъин шудааст.

Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», сабаби чунин иқдомро мушкили молӣ унвон карда ва гуфт, бо арзиши қаблии барқ таҷдиди системаи барқрасонӣ ва афзоиши иқтидори неругоҳҳо имкон надорад.

XS
SM
MD
LG