Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Гурҷистон аз Созмони Милал


Гурҷистон имрӯз аз Созмони Милал тақозо кард, то масъалаи истифодаи аслиҳаи зидди ҳавопаймоӣ дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистонро таҳқиқ кунад. Мақомоти Абхозистон рӯзи якшанбе гуфтанд, ки ду ҳавопаймои ҷосусии бидуни сарнишини Гурҷистонро сарнагун карданд. Гурҷистон, ки мегӯяд, Русия минтақаи ҷудоихоҳи онро ба силоҳ таъмин мекунад, хабарҳо доир ба суқути ҳавопаймоҳои ҷосусиашро рад кард. Аммо имрӯз вазорати умури хориҷаи Гурҷистон бо нашри баёнияе аз Созмони Милал хост, “билофосила дар робита ба ҳузур ва истифодаи “системи зидди ҳавоӣ” аз тарафи ҷудоихоҳои абхоз дар манотиқи амн таҳқиқот анҷом дода ва аз натиҷаҳои он ҷомеаи байналмилалиро огаҳ кунад”.

XS
SM
MD
LG