Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори хонум Райс бо Эҳуд Олмерт


Вазири умури хориҷаи Амрико Кондолиза Райс дар поёни боздиди серӯзааш аз Навори Ғазза ва Исроил имрӯз бо нахуствазири ин кишвар Эҳуд Олмерт мулоқот кард. Баъди дидор бо раиси ҷумҳури Ташкилоти Худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар рӯзи якшанбе, Кондолиза Райс гуфт, ба эътиқоди вай, имзои созишномаи сулҳ байни Исроил ва Фаластиниён то охири сол имконпазир аст. Вай ҳамчунин аз Исроил хост, барои беҳбуди вазъи зиндагии фаластиниён дар Канораи Ғарб бештар кор кунад ва гуфт, фаластиниҳо низ бояд барои гирифтани лаҷоми тундравон кӯшиши зиёдтар ба харҷ диҳанд.

XS
SM
MD
LG