Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Абдуқодир Маниёзов


3-вуми майи соли ҷорӣ баъди бемории тӯлонӣ дар синни 78-солагӣ олими шинохтаи тоҷик узви вобастаи Академияи улуми Тоҷикистон (АУТ) ва раиси кумитаи иҷроияи Форуми тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд» Абдуқодир Маниёзов вафот кард.

Ба таъйиди муовини мудири институти забон ва адабиёти тоҷики АУТ Алиҷон Азимов, зиндаёд А. Маниёзов дар Эрон, ки дар инҷо табобат мегирифт, зиндагиро падрӯд гуфт. А. Азимов афзуд, ки ташйеъи ҷанозаи олими фақид баъд аз интиқоли марҳум аз Эрон 6-уми май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Абдуқодир Маниёзов соли 1930 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда буд. Ӯ соли 1953 донишгоҳи давлатии кишварро хатм намуда, баъди хатми аспирантурӣ ҳамчун корманди илмӣ дар академияи улуми ҷумҳурӣ кор кардааст. А. Маниёзов солҳои 1972 – 2000 директори Институти забон ва адабиёти тоҷик ба номи Рӯдакии АУТ ва ҷонишини сармуҳаррири Саридораи илмии Энсиклопедияи шӯравии тоҷик буд.
Абдуқодир Маниёзов ҳамчун мутарҷими шинохта ва ровии хеле ҳам хуби назму наср маъруф буда, дар таҳияи Қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ муаллифи чанд китоби дарсии адабиёт барои макотиби миёна буда, асрҳои зиёди илмии ӯ бо мукофотҳои ҳукуматӣ қадрдонӣ шудаанд.
Ба бовари муҳаққиқину коршиносон, номи Абдуқодир Маниёзов дар китоби илму фарҳанги тоҷик абадӣ боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG