Мақомоти Чин иттилоъ медиҳанд, ки шумораи қурбониҳо аз сирояти вируси кӯдаккуш ба 24 нафар баробар шуд. Ба навиштаи хабаргузории расмии Синҳуаи Чин барои назорати сирояти вирус ё худ ангезаи маъруф бо номи EV-71 , ки ба дасту по ва даҳони кӯдакон осеб мерасонад, мақомоти Чин ба шаҳри Анҳувии вилояти Фуянг мутахассис ирсол намудаанд.