Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди биринҷ кишварҳоро ба ҳам меорад


Биринҷ маҳсулоти асосии ғизоии мардуми минтақаи Ҳиндухитой мебошад
Биринҷ маҳсулоти асосии ғизоии мардуми минтақаи Ҳиндухитой мебошад

5 кишвари осиёӣ дар садади таъсиси Иттиҳоди содиркунандагони биринҷанд, то теъдоди бештари одамонро бо он таъмин бикунанд.

Тайланд, Мянма, Лаос, Вйетнам ва Камбоҷа ҷамъияти содиркунандаи биринҷро бо номи «Organization of Rice Exporting Countries – ОРЕК»-ро таъсис медиҳанд. Гуфта мешавад, ин созмон ба намунаи ширкати байнулмилалии содиркунандаи нафт сохта мешавад.
Таъсиси созсони мазкур бино бар болоравии босуръати қимати биринҷ ҷиҳати баландшавии нархи маводди сӯхт, хушксолӣ ва зиёдшавии ниёз ба он зарур шудааст.
Ожонсии иттилоъотии «AFP» хабар медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир нархи 1 тонна биринҷ ҳудуди 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз як сол қабл он аз 500 доллар зиёд набуд.
Ин амалкарди фаврии содиркунандагони биринҷро метавон аксуламале дар баробари огаҳии СММ дар бораи он, ки ба 100 миллион одам гуруснагӣ таҳдид мекунад, донист.
Ин ҳам дар ҳолест. ки Созмони милали муттаҳид ҷиҳати раҳидан аз ин «тӯфони беовоз» чораҳоеро рӯи даст гирифтааст. Муншии кулли СММ Бан Гӣ Мун хабар дод, ки як ниҳоди махсуси буҳронии мубориза алайҳи барои мубориза бо буҳрони ҷаҳонии ғизоӣ таъсис мешавад.
"Ҷаҳон бо гуруснагӣ, камхӯриву нимсерӣ ва бетартибиҳои бесобиқаи ҷамъиятӣ рӯбарӯ гардидааст», – мутазаккир шуд муншии кулл.
Дар ҳамин ҳол, беш аз 100 миллион одам дар ҳоли ҳозир дар пешорӯи гуруснагӣ қарор гирифтаанд ва гуруснагӣ ҳамоно сабаби асосии марги беш аз 3,5 миллион кӯдак дар як сол боқӣ мемонад.
Нақшаи амали таҳиянамудаи СММ аз чораҳое иборат аст, ки чи дурнамои наздик ва чи мақсадҳои ниҳоитареро фаро мегирад. Бар тибқи ин барнома, кишварҳои донор ё кумакрасон бояд ҷиҳати рафъи ин мушкили инсоният тақрибан 255 миллион доллар ҷамъ кунанд. "Дар ҳоли ҳозир танҳо 62%- и маблағ ҷамъ шудааст, – огоҳ намуд Пан Гӣ Мун, – ва ҳамагӣ 8 миллион доллари он азрӯи барнома истифода ".
Дар ҳамин ҳол Жан Зиглер, маърӯзакунандаи махсуси СММ, бо даъвати мораторияи умумӣ ба маводди биологии сӯхт, ки яке аз сабабҳои аслии буҳрони ҷаҳонии ғизо шудааст, ба кишварҳои сайёра муроҷиъат намуд. Коршиносон бар ин назаранд, ки табдили миқёсии маҳсулоти хоми ғизоӣ ба "анвоъи поки биологӣ" ҳамоно ба болоравии маҳсулоти аввалияи ниёзи мардум оварда расонидааст.
XS
SM
MD
LG