Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон – соҳиби 13 роҳхати олимпӣ


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Ин ҳафта эстафетаи машъали олимпӣ дар кишварҳои Осиё – Жопун, Куриёи ҷанубӣ, Куриёи шимолӣ ва Вйетнам доир гардид. Дар шаҳри Ҳошимин (Вйетнам) машъали олимпӣ саёҳати байнулмилалии худро ба анҷом расонид. Бад-ин тартиб, машъали олимпӣ, ки меҳмони 20 кишвари 5 қитъаи олам гардид, боз ба сарзамини Ҷумҳурии мардумии Чин, мизбони Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ, баргашт.
Ва то оғози Бозиҳо эстафетаи машъали олимпӣ дар 116 шаҳру навоҳии Чин низ баргузор мешавад. Аз ҷумла, ин моҳ машъали олимпӣ ба қуллаи баландтарини ҷаҳон – Эверест – бароварда хоҳад шуд. Сипас, 6-уми август, машъали олимпӣ ба Пекин хоҳад расид. Машъали олимпӣ дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Пекин 8-уми август дар Кохи миллии варзишии мавсум ба «Лона» равшан карда мешавад.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳоноид ба гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ, ки дар Маҷористон баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Русия ба поён расид. Дастаи мизбон – Маҷористон – ҷои дувум ва тими Эрон ҷои севумро касб карданд.
Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони футболи Аврупо баргузор шуданд. «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон «Барселона»-и Испониёро бо натиҷаи 1:0 шикаст дод. Бозии дигар байни ду дастаи Инглистон – «Челсӣ» ва «Ливерпул» – дар замони изофӣ бо натиҷаи 3:2 ба фоидаи «Челсӣ» хотима ёфт. Ҳамин тариқ, 21-уми май дар шаҳри Маскави Русия бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони футболи Аврупо байни тимҳои «Челсӣ» ва «Манчестер Юнайтед» баргузор хоҳад шуд.
Ин ҳафта шумораи роҳхатҳои олимпии Тоҷикистон ба ду адад афзуд. Паҳлавонони маъруфи тоҷик Шералӣ Бозоров ва Неъматулло Асронқулов соҳиби роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин гардиданд.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии дзюдои Осиё, ки дар Куриёи ҷанубӣ баргузор шуд, Шералӣ Бозоров дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 81 кг ва Неъматуллоҳ Асронқулов дар вазни то 90 кг ҷойҳои панҷумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпии Пекин мушарраф шуданд. Акнун теъдоди варзишгароне, ки шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин ҳимоя хоҳанд кард, ба 13 нафар расид. Онҳо намояндагони 6 риштаи варзиш – бокс, гуштии озод, дзюдо, варзиши сабук, шиноварӣ ва камонварӣ – мебошанд.
Баҳруллоҳ Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мегӯяд, варзишгарони тоҷик муборизаро барои роҳхатҳои олимпӣ идома хоҳанд дод: «Варзишгарони мо дар дувумин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи гуштии озод, ки 2 4-уми май дар Лаҳистон доир мегардад, барои ба даст овардани роҳхатҳои олимпӣ талош мекунанд. Сипас онҳо дар мусобиқоти интихобии олимпӣ дар риштаи гуштии юнониву румӣ, ки 9 11-уми май дар Итолиё ва 23 25-уми май дар Сербия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд намуд».
Аз 6-ум то 10-уми май давраи ниҳоии Бозиҳои варзишии бонувони Тоҷикистон баргузор мешавад. Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт: «Давраи ниҳоии Бозиҳои варзишии бонувони Тоҷикистон бо ширкати беш аз 450 нафар дар 5 риштаи варзиш баргузор хоҳад шуд. Мусобиқот оид ба варзиши сабук ва волейбол дар шаҳри Душанбе, баскетбол – дар шаҳри Хуҷанд, тенниси рӯи миз – дар шаҳри Кӯлоб ва шатранҷ дар шаҳри Ваҳдат доир мегарданд».
Донишкадаи варзиши Тоҷикистон макони тайёр кардани кадрҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ дар кишвар ба шумор меравад. Суҳбати хабарнигори Радиои Озодӣ бо раиси ин донишкада Абдулҳаким Розиқзода низ ба таваҷҷуҳи шунавандагон пешкаш мешавад.
Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG