Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёди ватан – тӯшаи муҳоҷир


Гурӯҳе аз мавҷи нахустини муҳоҷирини иҷбории тоҷик, ки дар кӯлаборашон танҳо ёди Ватан буд. Маскав, соли 1993
Гурӯҳе аз мавҷи нахустини муҳоҷирини иҷбории тоҷик, ки дар кӯлаборашон танҳо ёди Ватан буд. Маскав, соли 1993

Дар ҳама давр ёди Ватан барои ҳар як муҳоҷир, ки зодбумашро барои солиёни номуайян тарк намудааст, чун нони кӯлабори сафар ҳамроҳӣ мекардааст.

Абдуалим як ҳамсоли ман,ки таййи як даҳсола умр ва нерӯи худро дар ғурбат сарф кардааст, мегӯяд, ҳар баҳор боғи себи худро зиёд хоб мебинад ва хосса ҳамон субҳеро, ки нахустин шукафаҳо шохаи себҳоро пероҳани арусӣ мепӯшонад ва ҳамзамон дар боғ садои булбулон баланд мешавад: «Хоб барои ман як василаи иртиботи зеҳнӣ бо хона , ҳашт фарзанд ва падару модари солхӯрдаам шудааст. Дар он се соле, ки ба иллати пайдо накардани ҷои кори дуруст ба ватан баргашта натавонистам, хобҳои нохуш ҳамчун мӯриёна ҷисму ҷонамро хӯрд. Ёди аҳли байт ва меҳан барои мусофир тӯшаест, ки ӯро аз фарсудану рехтан нигаҳ медорад. Онҳое ки ин тӯшаро надоранд, ҳувияти худро зуд аз даст медиҳанд».

Дарду доғи ҳирҷат ва фироқ аз ёру диёр ва азизон дар шеъри тозаи Абдулқодири Алавӣ низ, ки 16 соли ахир дар Маскав муҳоҷир аст, бо лаҳни ғаму андуҳ бозтоб ёфтааст.

Дар ҳоле, ки Абдуалим ва Абдуқодир ёди ватанро тӯшаи роҳи худ медонад , Шоира, як хонуми тоҷик, зода ва парвардаи Душанбе, мегӯяд, ки ахиран аз ёди Ватан метарсад, ба ин далел, ки пас аз ҳар бори боздид аз зодгоҳ хотироти беш аз пеш бадтар дар оинаи ёдҳояш зангор мебандад. Ӯ мегӯяд: «Солҳои аввали ғурбат аз ёди Ватан як лаҳза ғофил набудам. Феълан, ҳамин ки чашм бипӯшам, дар пеши рӯям чашмҳои ғамзада, танҳои хаста ва шохаҳои аз бори зиндагӣ хамхӯрдаро мебинам ва аз ин ёдҳо гурезон мешавам».

Воқеъан ҳам, буҳрони иқтисодии ахири Тоҷикистон ва беадолатии давлатдорӣ муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ба андешаи раҳонидани наздикону пайвандони худ андохтааст ва дигар ёдҳои ватанро чун рузҳои офтобӣ, чашмаҳои шаффофи лазиз, боғҳои меваву бистари гарму нарм ва дигар ифтихороти миллӣ беарзиш кардааст. Аз суи дигар бардошт аз ин субатҳо ин аст, ки муҳоҷирони тоҷик аз ватан бегона нашудаанд. Ғами ватан барои онҳо мояи хештаншиносӣ шудааст. Онҳо аз ватан безор нестанд. Баррасиҳои онҳо ҷавҳарӣ меҳанпарастӣ дорад.

Ин байт ҳам аз кадом муҳоҷирест:
Ватан аз ёди ман ҳаргиз нарафтаст,
Шукуҳи шуъла аз гулхан нарафтаст.


Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки, тибқи дастуроти Нақшбандия, чандин сол мусофират кардааст, низ дар ишқи Ватан фармуда:

Ҳама як сӯ бувад, нодидани он гулбадан – як сӯ.
Фироқи бекасӣ як сӯ бувад, доғи ватан – як сӯ.


Дар мавриди ёди ватан ҳакимон гуфтаанд, ки «ёди зодгоҳ нақш бар санг аст ва чун матнҳои хатти мехӣ дар кӯҳи Бесутун заволнопазир».
XS
SM
MD
LG