Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IMF мегӯяд, ихтилофаш бо Душанбе рафъ шудааст


Карлос Пенеруа, раҳбари ҳайъати намояндагии Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) имрӯз дар Душанбе ба дунболи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ихтилофи назарҳо байни ин созмон ва давлати Тоҷикистон рафъ шуда, ва Сандуқи Пул акнун дар садади роҳандозии як барномаи нав ба хотири ислоҳи низомии бонкии Тоҷикистон аст.

Сандуқи Байналмилалии Пул дар моҳи март давлати Тоҷикистонро ба ироаи маълумоти носаҳеҳ муттаҳам кард ва аз Душанбе хост, 47,4 миллион доллар қарзи боимтиёзеро, ки бар пояи ин маълумотҳои ғайривоқеъӣ дарёфт кардааст, пеш аз мӯҳлат баргардонад.

XS
SM
MD
LG