Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, равобити Русия бо Эрон идома хоҳад ёфт


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамтои эрониаш Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтааст, Маскав равобиташ бо Теҳронро идома хоҳад дод. Владимир Соболев, кафили дабири Шӯрои амниятии миллии Русия гуфт, ин паёми лафзии Путинро дар мулоқоти ҳафтаи ҷориаш ба Аҳмадинажод расондааст.

Владимир Путин дар ин паём гуфтааст, ин сиёсат сарфи назар аз он ки кӣ ба раёсати Русия меояд, идома хоҳад ёфт.

Қарори маълум, дар моҳи май Дмитрий Медведев ба ивази Владимир Путин ба курсии раёсати ҷумҳурии Русия хоҳад нишаст.

XS
SM
MD
LG