Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико киберҳамлаҳо ба Радиои Озодиро маҳкум кард


Давлати Амрико дар бораи ҳамлаҳои интернетӣ алайҳи сомонаи бахши беларусии Радиои Озодӣ изҳори таассуф кард.

Ҷессика Саймон, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ин ҳодиса охирин намунаи, ба гуфтаи вай, “ҳамла алайҳи матбуоти озод ва мустақил дар Беларус аст.”

Ин киберҳамлаҳо рӯзи шанбеи гузашта оғоз ёфта, ба эҳтимоли ғолиб, асосан саҳифаи интернетии бахши беларусиро ба ҳадаф доштаанд. Вале дар асари ин ҳамалот сомонаҳои интернетии 9 бахши дигари Радио, аз ҷумла саҳифаи бахши тоҷикӣ низ осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG