Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасони атомии СММ ба Теҳрон меравад


Имрӯз қарор аст бозрасони аршади ҳастаии Оҷонсии энержии атомии СММ барои анҷоми даври навбатии гуфтугӯҳо бо мақомоти эронӣ вориди Теҳрон шавад. Олли Ҳейнонен, муовини раис ва раҳбари департаменти амнияти таслеҳотӣ дар ин оҷонси СММ аст. Вай ният дорад, бо мақомҳои эронӣ иттиҳомоти хадамоти истихборотии Амрикоро баррасӣ кунад, ки мегӯянд, донишмандони эронӣ дар андешаи тавлиди бомбаи атомӣ мебошанд. Оқои Ҳейнонен ҳафтаи гузашта ҳам дар Эрон буд. То имрӯз Эрон иттиҳомоти Ғарбро дар мавриди ин ки Теҳрон дар пайи тавлиди махфии бомбаи атомӣ мебошад, рад кардааст.
XS
SM
MD
LG