Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайванди ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва Сурия?


Тибқи гузоришҳо, мақомоти амрикойӣ имрӯз бояд дар баробари аъзои Конгресс изҳороте пахш кунанд, ки дар он гуфта мешавад, Кореяи Шимолӣ ба Сурия дар сохтмони реактори ҳастаӣ мусоидат мекунад. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки мақомоти амрикойӣ дар садади намоиши навори видеоие аз дохили як муассисаи ҳастаии Сурия мебошанд, ки тобистони соли 2007 сабт шуда дар он кореягиҳо ба навор гирифта шудаанд. Мақомот гуфтанд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил ин маҳалро сентябри соли гузашта бомборон кардаанд. Навори видеоӣ ҳам ба эҳтимоли зиёд аз ҷониби исроилиҳо сабт шудааст. Рӯзи чоршанбе, сафири Сурия дар СММ иттиҳомоти кӯмаки кореягиҳо ба кишвараш дар бунёди реактори ҳастаиро рад кард.
XS
SM
MD
LG