Ахиран Ҷон Холмс, муъовини муншии кулли СММ оид ба фаъъолияти башардӯстона, дар бораи ба ин мақсад ҷудо кардани ҳудуди ним миллион доллари ИМА қарор қабул кард. Ин маблағ аз ҳисоби донорҳо ва Сандуқи марказии захираи вокуниш (СМЗВ) ҷамъ шудааст.
Ин маблағҳо ба беш аз 2 миллион одам дар 18 ноҳияи Тоҷикистон, ки замини кишт ва рифоҳашон дар таҳти таҳдиди ҳуҷуми малахҳои зиёновар қарор доранд, ироъа хоҳад шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки нисбат ба соли гузашта соли равон адади ҷойҳои пайдошавии малахҳои зиёновар бештар буда, ба амнияти ғизоии аҳолии кишвар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
Габриэлла Ваайман, мушовири минтақавии ин созмон оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ, мегӯяд: «Ин маблағҳо махсусан барои он лозиманд, ки тавсиъаи баъдии малахро дар кишвар пешгирӣ карда шавад. Зарурати ҳалли пайомадҳои зимистони вазнинтарин дар 25 соли ахир дар баробари болоравии қиматҳои маводди ғизоӣ ва эҳтимоли хушксолӣ давлати кишвар ва аҳолии онро дар як ҳолати хеле вазнине мегузоранд, ки ҷиҳати рафъи онҳо ҳатман кумаки байнулмилалӣ лозим аст».