Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия даъвати Ғарбро напазируфт


Русия даъвати қудратҳои ғарбиро рад кард, ки ба дасткашӣ аз барномаҳои таҳкими равобит бо ду минтақаи ҷудоихоҳи гурҷӣ даъват мекунанд. Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ гуфт, ки Русия хоҳони беҳбуд бахшидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ, на дар андешаи аннексия, яъне ҳамроҳ кардани ҷумҳуриҳо ба ҳайати ин кишвар мебошад. Аммо вазири хориҷаи Гурҷистон Давид Бакрадзе гуфт, ки давлати вай "аломатҳои ташвишовари кӯшиши пайвастани" ин ду ҷумҳурӣ ба қаламрави Русияро дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG