Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти нави нерӯҳои Афғонистон


Хайриддин Шуҷоъ - сардори як идораи пулиси Афғонистон гуфт, имрӯз як бомбгузори маргталаб бо ҳамла ба мошинҳои кормандони ӯ дар ҷануби кишвар, ду афсари пулисро кушта ва се тани дигарашонро маҷрӯҳ кард. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла дар ноҳияи Гиришк, воқеъ дар вилояти ҷанубии Ҳилманд, ба вуқӯъ пайвастааст. Дар вилояти шарқии Кунар, ба гуфтаи сардори идораи пулис Абдулҷалол Ҷалол, ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба як посгоҳи марзӣ, панҷ афсарро кушта ва чандин тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Ба иттилоъи як фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ, зимни ин ҳамла Толибон ҳамчунин чанд ҷангҷӯи худро талаф додаанд.
XS
SM
MD
LG