Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афғонистон меҳвар хоҳад шуд"


Бунгоҳи иттилоотии «Маркетинг и консалтинг»-и Русия паёмадҳои қатъи содироти гандум аз сӯйи Қазоқистонро ба риштаи таҳлил кашида, менависад, иқдоми Остона кишварҳои минтақаро ба мушкилот рӯбурӯ мекунад. Ба ақидаи муаллифи ин матлаб, Ӯзбакистону Туркманистон, ки соҳиби нафту газ ҳастанд, сармояи кофии дарёфти гандум аз дигар манбаъҳоро доранд, аммо Қирғизистону Тоҷикистон ин имкониятро надоранд ва сар задани намоишҳои эътирозӣ дар ин кишварҳо аз эҳтимол дур нест.

Нашрияи интернетии "Бунёди фарҳанги стратегии Русия" ба таҳлили падидаи қавмпарастӣ дар Осиёи Марказӣ пардохта, менависад, ҳукуматҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон тибқи анъана қавмиву авлодӣ ва дар Ӯзбакистону Тоҷикистон маҳаллӣ будаанд. Масалан, дар Қазоқистон ҳамеша қудрат миёни Жузҳои Бузург, Миёна ва Хурд ва дар Ӯзбакистон миёни самарқандиву фарғонагӣ ва тошкандиҳо тақсим мешавад. Дар Тоҷикистон баъди ҳукмронии 45 солаи шимолиҳо, ҳоло қудрат ба ҷанубиҳо расидааст. Муаллифи ин матлаб хулоса мекунад, ки қавму маҳалгароӣ аз як сӯ амниятро замонат медиҳанд, аз сӯйи дигар мубориза барои қудратро таҳким мебахшанд.

Рӯзномаи русии «Россия» дар матлабе таҳти унвони «Омили беамниятӣ» мавзӯъи густариши ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказиро дар мисоли қаробатҳои ахири Амрико бо Ӯзбакистон ба риштаи таҳлил кашида, менависад, танҳо пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Қирғизистон барои мубориза бар терроризм дар Афғонистон басанда аст. Нашрия навиштааст, ҳадафи Амрико аз густариши низомиаш дар Осиёи Марказӣ ҷилавгирӣ аз афзойиши лӯлаҳои интиқоли газу нафт ба Чин аст. Ба ақидаи муаллифи ин матлаб, маҳз истифода аз захираҳои энержии ин минтақа Чинро дар оянда иқтисоди бузургтарини ҷаҳон хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, бунгоҳи иттилоотии Росбалти Русия ду рухдод – эъломи расмии захираҳои нафту гази Туркманистон ва ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Озарбойҷонро заминаи амалишавии тарҳи лӯлаҳои гази Набукко ва Фарокаспӣ хондааст. Эҳдоси ин лӯлаҳоро Амрико ва Аврупо пуштибонии моливу сиёсӣ мекунанд ва нашрия менависад, бо вуҷуди он ки Маскав ба ин лӯлаҳо хушбин нест, онҳо ниҳоят рӯйи кор хоҳанд омад.

"Asia Times" нашрияи интернетии Ҳонг Конг дар матлабе таҳти унвони «Афғонистон марказ мешавад» навиштааст, инҳисори Амрико дар ҷанги Афғонистон ба чолиш кашида мешавад. Ба эътиқоди муаллифи ин матлаб, чор рухдод бозгӯӣ аз ин вазъ мекунанд: аввалан, изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, ки ҳаводиси 11 сентябри Ню Йоркро баҳона, на далели таҷовузи Амрико ба Афғонистону Ироқ хондааст; дуввум, нуктае аз мусоҳибаи Алӣ Бобоҷон, вазири умури хориҷаи Туркия, кишвари узви НАТО ба нашрияи инглисии The Telegraph, ки мегӯяд, ҳузури Паймони низомӣ нерӯҳои тундгароро бештар таҳрик медиҳад ва ҳукумати феълии Афғонистонро аз байн хоҳад бурд; саввум, даъвати Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон аз Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҷиҳати ширкати мустақим дар ҳалли қазияи Афғонистон ва чорум, изҳороти Ҷабҳаи Миллии Афғонистон, ки умдатан аз сарварони собиқ Эътилофи Шимол иборат аст, дар мавриди он ки ҷабҳа бо Толибон ва нерӯҳои дигари мухолифи ҳукумати Карзай дар ҳоли гуфтушунид аст. Муаллифи ин матлаб менависад, акнун дар дохил ва хориҷ ба хулосае расидаанд, ки барои ҳалли қазияи Афғонистон қудрати танҳо Амрико ва НАТО кофӣ нест.
XS
SM
MD
LG