Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ низоъ дар Абхазистонро баррасӣ мекунад


Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳида дар нишасти фаврии худ вазъ дар минтақаи низоъи миёни Гурҷистону Абхазистонро баррасӣ мекунад. Дирӯз Тифлис Русияро дар нобуд сохтани ҳавопаймои бидуни сарнишини Гурҷистон дар ҳарими ҳавоии Абхазистон муттаҳам кард. Ва аммо низомиёни рус изҳор карданд, ки ин ҳавопаймо ҳадафи тири неруҳои зидди ҳамлаи ҳавоии Абхазистон қарор гирифтааст.
Мишел Монтас, намояндаи Дабири Кулли Созмони Милал аз Маскаву Тифлис хост, ки аз жарфтар кардани низоъ парҳез намоянд. Ӯ афзуд, ки СММ ҷонибҳоро барои шурӯъи ҳарчӣ зудтари музокирот оид ба масоили амниятӣ даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG