Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари "Ҷамоати исломӣ" маҳкум ба зиндон шуд


Додгоҳи Индонезӣ сарвари гурӯҳи “Ҷамоати исломи”-ро ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Абӯ Дуҷона дар ҳамдастӣ бо террористон ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштану интиқол додани силоҳу тир муттаҳам шуд. Ҳадс зада мешавад, ки Абӯ Дуҷона дар яке аз пойгоҳи "Ал-Қоида" дар Афғонистон тамрин дида бо ин гурӯҳи террористӣ робитаи наздик дорад. Мақомоти Индонезӣ гурӯҳи “Ҷамоати исломи»-ро дар ташкили чанд инфиҷор дар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла, таркиш дар ҷазираи Балӣ дар соли 2002-юм айбдор мекунанд. Бар асари ин ҳодиса дар яке аз маъруфтарин фароғатгоҳҳои олам беш аз 200 нафар ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG