Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Бан аз пайомадҳои занҷираии бӯҳрони ғизо


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун, мегӯяд, афзоиши ҷаҳонии нархи маводи ғизо талошҳои байнулмилалии коҳиши фақрро бетаъсир мегардонад. Дар сухани муқаддимавияш дар конфаронси тиҷорат ва рушди Созмони Милал дар Акраи Гана, Бан гуфт, бархе аз кишварҳо барои пешгирӣ аз бӯҳрони ғизо судури биринҷ ва гандумро манъ кардаанд. Аммо ин тиҷорати байнулмилалиро таҳриф ва камбуди хӯроквориро барои дарозмуддат шадидтар мекунад. Бан гуфт, агар ҳоло ба мушкил расидагӣ нашавад, маҷмӯъи душвориҳои дигар ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти сиёсӣ дар саросари олам таъсир хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG