Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари коршиносон ба Консорсиуми об


Ба гуфтаи коршиносони масоили иқтисодӣ, дар ҳоле ки Қирғизистон ва Тоҷикистон аз захираҳои манобеъи обу барқ ғанианд, вале дар фасли сармо маҳз ин ду кишвар ба бӯҳрони шадиди энержии барқ мувоҷеҳ шуданд.

Қулубек Боконбоев, узви вобастаи Фарҳангистони улуми Қирғизистон гуфтааст, бӯҳроне, ки ин ду кишвари ҳамҷавор дар фасли зимистон паси сар намуданд, бар асари танзими нордурусти энержии барқ рӯи кор омад. Вай афзудааст, то фарорасии фасли сармо аксарият ҳадс мезаданд, ки шиддати гармо, ки соли гузашта хеле боло рафт, ба обшавии пиряхҳои бузургтарин низ бетаъсир нахоҳад монд. Ба гуфтаи Қулубек Боконбоев, ба ибораи дигар дар натиҷаи обшавии ин пиряхҳо оби рӯдхонаҳо мебоист барои тавлиди ҳар чи бештари энержии барқ мусоидат менамуд. Вале дар фасли сармо акси ин ҳол рух дод.

Кулубек Боконбоев бар ин назар аст, ки ду кишвари ҳамҷавор: Ӯзбакистон ва Қазоқистон бояд дар мавриди мустаъид ба кор будани сохтмонҳои гидротехникии Қирғизистону Тоҷикистон, ки дар саргаҳи об қарор доранд, саҳим бошанд. Ба гуфтаи оқои Боконбоев, зеро аз оби рудхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ин ду кишвари ҳамҷавор, яъне Қазоқистону Ӯзбакистон баҳра мебардоранд.

Аммо матраҳ шудани масъалаи таъсиси консорсиуми обу барқ дар миёни коршиносони зиёд вокунишҳои мухталиферо рӯи кор овард. Академик Дуйшен Мамадхонов, мудири пажуҳишгоҳи масоили об, мақарраш дар Бишкек гуфт, агар нерӯгоҳҳои барқи Қамбарота-1 ва Қамбарота-2 фақат барои тавлиди нерӯи барқ корбаст шавад, он гоҳ таъсиси консорсиум иқдоми дуруст аст. Вай афзуд, вале агар аз ин нерӯгоҳҳо барои захираи об кор гирифта шавад, дар он сурат таъсиси ин консорсиум манфиатҳои Қирғизистонро зери суол қарор хоҳад дод.

Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси масоили иқтисодӣ гуфт, ба далели ин ки ихтилофот миёни ин кишварҳо зиёд аст, таъсиси ин консорсиум низ муҳим аст. Ӯ гуфт, агар консорсиум таъсис бишавад, ки ҳатто барои Қазоқистон ва Ӯзбакистон низ судманд аст, боз онҳо муттаҳид шаванд ва дастаҷамъ бошанд, воқеъан дар он сурат ин консорсиум нақши муҳим дошта метавона.

Тошпӯлод Юлдошев, коршиноси ӯзбак пиромуни таъсиси консорсиум гуфт, Қирғизистону Қазоқистон ҳатман аз Ӯзбакистон низ даъват хоҳанд кард, ки ба ин консорсиум бипайвандад. Вай афзуд, аммо вақт нишон хоҳад дод, ки ҷониби Ӯзбакистон ба ин даъват чӣ вокуниш нишон медиҳад.

XS
SM
MD
LG