Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаъои ҳукумати табъидии Тибет


Ҳукумати табъидии Тибет имрӯз мақомоти Чинро муттаҳам кард, ки дар Тибет бардурӯғ ошӯб ташкил додаанд, то баҳона барои саркӯбии бумиёни Тибет пайдо шавад. Самдонг Ринпоче - нахуствазири ҳукумати табъидии Тибет дар Ҳиндустон гуфт, аксари ошӯбгаронеро, ки рӯзи 14 март дар Тибет табоҳкорӣ кардаанд, мардуми маҳаллӣ намешинохтаанд.
Ба гуфтаи вай, кормандони пулиси Чин дар он рӯз либоси роҳибонро ба бар ва ғоратгарӣ кардаанд. Дар ошӯбҳои Тибет, ба гуфтаи мақомоти Чин, 22 нафар ҳалок шуданд. Аммо ҳукумати табъидии Тибет мегӯяд, шумораи қурбониён дар ошӯбу саркӯбиҳои баъди он бештар аз 140 нафар будааст.
XS
SM
MD
LG