Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистони шабеҳи Абхазия?


«Независимая газета»-и Русия дар матлабе таҳти унвони «Олмон марзҳои Тоҷикистонро таҳти назорат мегирад» ба натиҷаҳои сафари вазири хориҷаи Олмон Гернот Эрлер пардохта, овардааст, агар қаблан кишварҳои Осиёи Марказӣ дари Аврупоро мекӯфтанд, ҳоло Аврупо дари онҳоро мекӯбад.

Нашрия аз қавли коршиносон гуфтааст, акнун барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон замони баҳра бардоштан аз рақобати абарқудратон фаро расидааст. Сипас муаллифи «Независимая газета» менависад, бо вуҷуди он ки Аврупо бештар ба кишварҳои соҳиби нафту газ таваҷҷӯҳ дорад, барояш таҳкими марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ва саҳм гирифтан дар барномаҳои энержии Тоҷикистон хеле муҳим аст.

Нашрия ба сарватҳои беназири зеризаминӣ, аз ҷумла тиллову нуқра ва захираҳои кам, аммо ҳанӯз кашфнашудаи газу нафти Тоҷикистон ишора мекунад, ки барои Аврупо бефарқ нахоҳанд буд. Аммо менависад нашрия, Аврупо аз ҳад зиёд таъхир мекунад ва аз ин хотир, дар равобити Тоҷикистон Русия, Қазоқистон ва Чин мавқеи мустаҳкамтар доранд.

Нашрияи "Грузия online"-и Гурҷистон дар мисоли Абхазистону Осетияи Ҷанубӣ империяхоҳии Русияро ба таҳлил кашида, навиштааст, ин ду қисмати Гурҷистон ва Тоҷикистон ягона қисматҳои империяи собиқи Шӯравиянд, ки Маскав дар онҳо дасти дароз дорад. Нашрия менависад, дар Осиёи Марказӣ Ӯзбакистону Туркманистон бидуни Маскав тасмим мегиранд, Қирғизистон ба гирифтори ноамниҳои мудаввом ва Қазоқистон дар пайи пайдо кардани думравҳои худ аст.

Дар бораи Тоҷикистон нашрия менависад, ин кишвар рӯ ба Русия аст, аммо инро дар Маскав кам касе қаҳрамонии Кремл унвон мекунад. Аз ин хотир, навиштааст "Грузия online", дар тамоми Осиё як Тоҷикистон барои Русия кам аст ва ин ҳам дар ҳоле ки Чин ва Амрико низ нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ тақвият мебахшанд.

Нашрия менависад, Русия қаблан фикр мекард, ки дар Осиёи Марказӣ Чин дар дойираи қоидаҳои Русия бозӣ мекунад вале акнун маълум шудааст, ки ин интизориҳои Маскав ботил баромадаанд, аз ин хотир, русҳо дар Абхазистону Осетияи Ҷанубӣ ҳар кореро мекунанд, ки империяхоҳии худро бароварда созанд.

Нашрияи "Литер"-и Қазоқистон дар матлабе дар ҳошияи сафари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон ба Қазоқистон навиштааст, Қирғизистону Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигари соҳиби нафту гази Осиёи Марказӣ барои абарқудратҳо камаҳамият гаштаанд. Аз ин хотир навиштааст нашрия, Қирғистон мехоҳад дар симои Қазоқистон ҳамчун як қудрати минтақаӣ пуштибони худро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG