Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО тамрини ироқиҳоро густариш медиҳад


Яаап Де Ҳуп Схеффер, Дабири Кулли НАТО имрӯз гуфт, ки ин Паймон таълиму тамрини фармондеҳонии низомии Ироқро густариш хоҳад дод. Ин изҳорот дар посух ба хоҳиши сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ садо дод, ки имрӯз аз ситоди НАТО дар шаҳри Брюссел дидан кард.

Дирӯз Ал-Моликӣ зимни суханронӣ дар порлумони Аврупо изҳор кард, ки низомиёни ироқӣ аз болои Ал-Қоида дар кишвар пирӯз хоҳанд шуд. Як рӯз пеш аз ин изҳорот бар асари ду ҳамлаи маргталабона дар шаҳрҳои Ромадӣ ва Бақуба тақрибан 60 нафар ба ҳалокат расиданд.

Имрӯз, ба иттилоъи пулиси Ироқ, бар асари инфиҷори маргталабона дар як маросими ҷаноза дар шимоли кишвар дасти кам 45 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамла дар деҳаи суннинишини Бу Муҳаммад, воқеъ 120 километрии ҷануби шаҳри Киркук сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG