Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон: Симпозиуми тағйирёбии иқлим


Мавзуъи тағйирёбии иқлим дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар як симпозиуми байнулмиллалӣ моҳи август дар Хоруғ баргузор хоҳад шуд.

Академик Оғоназар Ақназаров, роҳбари Пажуҳишгоҳи биологии Помир, гуфт, ки ин симпозиум ба ифтихори як экспедитсияи муштараки олмону шуравӣ, ки 80 сол қабл дар минтақа барои аз байн бурдани нуқоти таҳқиқнашуда хизмати босазо анҷом додаст, баргузор мешавад. Роҳбари Пажуҳишгоҳи биологии Помир саҳми экспидитсияи муштаракро дар омузиши олами набототу ҳайвоноти минтақа боаҳамият арзёбӣ карда гуфт, ки ба ҳайати он олимони забоншинос низ шомил буданд.

Ба ақидаи академик, аҳамияти натоиҷи таҳқиқоти илмиву назариявии экспедисия муштарак барои илм аз он ҷиҳат боз арзишманд ҳаст, ки асбобҳои рақамии ҳозиразамон дақиқияти меъёрҳои ченакро, ки барои нахустин бор 80 сол қабл бо онҳо баландии бархе аз қуллаҳои Помир муайян шудааст, собит сохтаанд. Симпозиум бо ибтикори Академияи улуми ҷумҳурӣ ва дастгирии моли сафоратҳои Олмон дар Душанбе ва Тошканд ва Донишгоҳҳои Байрути Олмон ва Озоди Берлин ва бо ширкати олимон аз манотиқи мухталифи ҷаҳон дар Тошканд оғоз шуда, дар толори Академияи Улуми ҷумҳурӣ дар Душанбе ҷамъбаст мегардад.

Ба гуфтаи узви кумитаи тадорукотии баргузории симпозиум сафар аз Тошканд ба Душанбе таввассути роҳи Уши Қирғизистон-Хоруғ сурат гирифта, дар роҳ иштирокдорон аз бархе аз амокини Помир, ки 80 сол қабл экспедисияи муштарак дар он ҷо таҳқиқот гузаронидааст, дидан мекунанд ва як рӯзи нишасти илмӣ дар Боғи набототи Помир мегузарад.

Академик Оғоназар Ақназаров гуфт, ки шарқи кишвар муштамили 200 минтақаи аз ҷиҳати экологҳ муҳими ҷаҳон эътироф шудааст, ки тағйирёбии иқлим дар он метавонад ба авзоъи экологии минтақа ва сайёра таъсир бар ҷой дошта бошад. Вай гуфт, дар куҳҳои Тоҷикистон бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир ва раванди гармшвии иқлим ва обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба вазъи экологӣ яке аз мавзуъҳои баҳси солҳои охир ва аз ҷумла ин нишаст буда, натоиҷи симпозиум барои илм муҳим хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG