Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорон ва муқобилони бозори озод дар ҷаҳон


Дар ҳоле, ки дар саросари олам шумораи тарафдорони бозори озоди иқтисодӣ коҳиш ёфтааст, ҳам тарафдорон ва ҳам мухолифини ин ҷараёни муосири иқтисодӣ ҷонибдори тақвияти назорати бозор аз сӯи ҳукуматҳо мебошанд.

Дар тӯли ду соли гузашта дастгирии бозори озоди иқтисодӣ дар саросари олам коҳиш ёфт. Пажӯҳишгоҳи «GlobeScan», ки масъалаи мазкурро таҳқиқ мекунад, навиштааст, аз миёни 18 кишвари мавриди пажӯҳиш дар 10 мамлакат дастгирии бозори озод суст шудааст.
«GlobeScan»ҳамроҳбопажӯҳишгаронидонишгоҳиаёлатиМерилендиИМА ва ҳамкоронаш дар 18 кишвар (Бразилия, Канада, Чилӣ, Чин, Фаронса, Олмон, Британия, Ҳиндустон, Индонезия, Италия, Кения, Мексика, Нигерия, Филиппин, Русия, Кореяи Ҷанубӣ, Туркия ва ИМА) аз тақрибан 10 000 нафар зимни суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва телефонӣ назар хоста буд.
Ҳамин тавр, соли 2005-ум танҳо дар Фаронса аксари пурсидашудагон мухолифи ин ақида буданд, ки " низоми иқтисоди озод ва бозори озод беҳтарин низом буда, ояндаи дунё бояд бар он такя кунад".
Соли 2005-ум Туркия 47% ба ин фикр мувофиқ буданд. имсол шумораи пуштибонҳои иқтисоду бозори озод то 34% поин шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар Кореяи Ҷанубӣ 55% пурсидашудагон аз иқтисоду бозори озод дастгирӣ карданд, вале дар муқоиса бо соли 2005-ум ин рақам 15% камтар аст.
«GlobeScan» мегӯяд, дар тақрибан тамоми кишварҳои шарик дар ин пурсиш аксари кулли мардум – чи ҷонибдорони иқтисоду бозори озод ва чи мухолифини онҳо – бовар доранд, ки ҳукуматҳо бояд дар танзими бозор саҳми бештар ва қавитар дошта бошанд. Ҳатто дар байни пуштибонҳои бозори озод пуштибонӣ аз даст доштани ҳукумат дар танзими иқтисоду бозори озод бештар будааст.
Муаллифони пажӯҳиш таъкид кардаанд, ки пурсиш пеш аз нооромшавии бозорҳои молӣ баргузор гашта буд. Онҳо меафзоянд, ки усулан эътимод ба низоми бозори озод заъиф шудааст.
Дар пажӯҳиши «GlobeScan» омадааст, ки аз байни 18 кишвари шарик дар пурсиш Чин, Филиппин ва Кореяи Ҷанубӣ беш аз дигарон мувофиқанд, ки иқтисоди озод ва бозори озод таҳти назорати ҳукумат натиҷаи беҳтар хоҳад дошт. Ин кишварҳо мазку дар соли 2005-ум дар сафи аввали пуштибонҳои иқтисоду бозори озод қарор доштанд.
XS
SM
MD
LG