Инҳо сокинони маҳаллаи атрофи Корхонаи сементи шаҳри Душанбе буданд, ки аз раисиҷумҳур тақозо намуданд ба мушкилашон расидагӣ кунад. Аммо кормандони интизомӣ гирдиҳамомадагонро бо зур дохили автобусҳо карда, ба боздоштгоҳи муваққатии бахши умури дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бурданд. Тавре хабарнигори радиои Озодӣ аз назди ин боздоштгоҳи муваққатӣ гузориш дод, кормандони умури дохила аз тазоҳуркунандагон баёноти хаттӣ талаб карданд.
Ба қавли яке аз ширкаткунандагон, яке аз занон ҳангоми пароканда намудани ҷамъомадагон захм бардошта, феълан дар беморхонаи Қарияи боло бистарӣ мебошад. Вакили мудофеи ин афрод ба радиои Озодӣ гуфт, нисбати бадрафтории кормандони интизомӣ ҳангоми пароканда намудани ҷамъомадагон ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
Гузориши муфассал дар бораи мушкили гирдиҳамомадагон