Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дания дасти муҳоҷиронро мегирад


Кишвари Дания тасмим гирифтааст, ки дар мавриди ҳалли мушкилоти муҳоҷират ба мамолики Осиёи Марказӣ дасти кӯмак дароз намояд.

Антон Қаландаров - ҳамоҳангсози масоили ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар дафтари Шӯрои даниягӣ дар умури паноҳандагон мегӯяд, созмони онҳо ду барномаи вижаро пиёда карданист. Ӯ гуфт, дар чаҳорчӯби барномаи аввал роҳандозии ҳамкорӣ бо хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Қирғизистон дар мадди назар гирифта шудааст. Оқои Қаландаров тазаккур дод, ки ин идораҳо зимни муайян кардани мақоми паноҳандагӣ бояд ба стандартҳои байналмилалӣ риоят кунанд.

Бар асоси шаҳодати ҳамоҳангсози масоили ҷомеъаи шаҳрвандӣ, барномаи дигари созмони онҳо доир кардани курсҳои такмили ихтисос барои кормандони хадамоти муҳоҷират ва вакилони додрасонии Тоҷикистону Қирғизистонро пешбинӣ кардааст.

Антон Қаландаров гуфт, дар чаҳорчӯби барномаҳои Шурои даниягии кор бо паноҳандагон, кӯмак ба лоиҳаи «Водии сулҳ» низ пешбинӣ шудааст, ки шабакаи созмонҳои ғайридавлатиро дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон муттаҳид намудааст. Вай гуфт, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба баҳрабардорӣ аз манобеъи обу барқ, баҳсҳои марзӣ ва убуру мурури шаҳрвандон аз тариқи посгоҳҳои гумрукиву марзбонии кишварҳоиҳамҷавор дар чаҳорчӯби ин барнома баррасӣ хоҳанд шуд.

Антон Қаландаров, ҳамоҳангсози масоили ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар дафтари Шӯрои даниягӣ, мақарраш дар Бишкек мегӯяд, бо дарназардошти имкони низоъҳо дар водии Фарғона, фаъолиятҳои созмони онҳо ба ҳифзи дастовардҳои суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ нигаронида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG