Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Амрико (Видео)


Зимистони гузашта, дар рӯзҳое, ки мардуми Тоҷикистону дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сардии фавқулода азият мекашиданд, донишҷӯёни тоҷикистонӣ рӯи алафи сунъии толори варзишии Донишгоҳи шаҳри Омаҳаи иёлати Небраскаи ИМА бо ҳамсабақони узбакистониашон қувваозмоӣ мекарданд.

Донишҷӯи тоҷикистонӣ Аҳрор Қосимӣ мегӯяд, ӯ аз хурдсолӣ умед дошт, ки рӯзе дар Амрико таҳсил мекунад

"Донишам дар соҳаи худам васеъ шуд. Дӯстони зиёди амрикоӣ пайдо кардам. Аз ин ҷо бояд чизе ба ватан барам. Шояд ҳамон донише, ки аз ин ҷо гирифтаам ба ватан бурда, дар хидмати мардум гузорам."

Азиз Тошматов бошад, баъди ду соли таҳсил дар Тоҷикистон, як сол инҷониб муҳассили Донишгоҳи Небраска мебошад. Ӯ мегӯяд, ки ин ҷо таҳсил муҳим асту ба фарқ аз Тоҷикистон ба сару либоси донишҷӯён кор надоранд:

"Дар ин ҷо низоми таҳсил тавре роҳандозӣ шудааст, ки донишҷӯён имкон дошта бошанд, пурра дар фикри таҳсил бошанд. Мо бидуни кадом халале дар паи донишомӯзӣ ҳастем. Китобхона ва дигар бойгониҳои зарурӣ дар ихтиёри мост. Ба фикрам, барои тоҷикистониҳо ин беҳтарин имкони таҳсил мебошад. "


Донишҷӯёни тоҷикистонии муқими ИМА аксаран бо пули падару модар ва ё наздиконашон ин имконро пайдо кардаанд. Алишер Оқилов мегӯяд, семестри гузашта ӯ имтиҳонҳоро бо баҳои баланд супурд ва маъмурияти донишгоҳ ба ӯ иҷозат додааст, 20 соат дар як ҳафта дар худи донишгоҳ кор кунад.

"Пули зисту хӯрок, китоб ва дигар эҳтиёҷотро аз ҳисоби кор дар Донишгоҳи Небраска дастрас мекунам. То кунун дар ин масъала мушкиле надоштаам. "

Алишер, Азиз ва Аҳрор хонаи иборат аз ду утоқро иҷора гирифтаанду Азиз раиси хоҷагии муштараки онҳост. Ӯ мегӯяд, моҳе ҳар кас тахминан аз 50 то 100 долларро барои иҷораи хона медиҳад. Тахминан ҳамин маблағ барои истифодаи барқ, газ, об ва ғайра масраф мешавад. Ҳар кас моҳона аз 70 то 100 доллар ба хазинаи умумӣ барои хариди озуқа месупорад.

Аммо дар сурате, ки шахс дар ҳошияи таҳсил 500-600 доллар касб мекунад, ӯ ҳозир хоҳад шуд, ки ба ватан баргашта бар ивази 50-100 долари моҳона кор кунад?

Азиз Тошматов:

"Ман фикр мекунам, ки ҳозир дар Тоҷикистон дурнамои хубе вуҷуд дорад. Сарфи назар аз мушкилиҳои муваққатӣ дар ватан вазифаҳое хубе кам нестанд, ки дониши мо он ҷо ба кор ояд. Аз ин рӯ, баъди бозгашт кӯшиш мекунам мутобиқ ба маълумотам шуғле дарёфт намоям."

Вале баъзан баъди бозгашт аз таҳсил дар хориҷа дар Тоҷикистон ба онҳо кори муносиб пешкаш намешавад.

Алишер :

"Фикри ман дар ин бора ин аст, ки агар мо дар ин ҷо хуб хонему дониши хуб аз худ намоем, агар дар идораҳои давлатии Тоҷикистон барои мо кор ҳам набошад, мо хоҳем тавонист, ки ширкати хусусӣ боз намоему дигаронро ҳам бо кор таъмин кунем.

Аҳрор Қосимӣ:

"Имрӯз меҳан ба дониши мо эҳтиёҷ дорад. Агар мо дониши худро дар ин ҷо истифода барем, ин хуб аст. Вале ин хушбахтии шахсӣ мебошад. Вақте ки мо ба Тоҷикистон рафта, дониши худро ба пешрафтӣ ҷомеа истифода мебарад, ин чизи дигар аст. Хуллас, бале имрӯз дар Тоҷикистон мушкилиҳои шояд сиёсиву шоя иҷтимоӣ ҷой доранд, вале он наметавонад сабаб шавад, ки мо дар ин ҷо монем."

Дар поёи сӯҳбат донишҷӯёни тоҷик як сухани президенти ИМА Ҷон Фиҷералд Кеннедиро ёдрас намуданд, ки гуфтааст: "Напурс, ки давлат барои ту чӣ кор кардааст, бигӯ, худ барои давлатат чӣ корро анҷом додаӣ?»

XS
SM
MD
LG