Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди бӯҳрон ба 100 миллион сокини сайёра


Раиси Бонки Ҷаҳонӣ, Роберт Зеллик аз кишварҳои узви ин бонк даъват кард, фавран дар ҷилавгирӣ аз бӯҳрони ҷаҳонии ғизо кӯмак кунанд. Дар акси ҳол, гуфт ӯ, афзоиши нархи хӯрокворӣ 100 миллион нафарро дар кишварҳои бенаво ба фақри амиқтар ғарқ мекунад. Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалии пул барои расидагӣ ба мушкил кумитаи муштарак таъсис додаанд. Бӯҳрони ғизо дар чандин кишвар ошӯбу беназмиҳо ба миён овардааст.
XS
SM
MD
LG