Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвози нархҳо дар Бонки Ҷаҳонӣ


Бонки Ҷаҳонӣ имрӯз як барномаи байналмилалӣ ҷиҳати пешгирӣ аз афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва гуруснагиро баррасӣ мекунад. Як рӯз пеш аз ин нишаст, Сандуқи Байналмилалии Пул аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон хост, барои роҳ надодан ба идомаи болоравии нархҳо чораҷӯӣ кунанд, вагарна ба паёмадҳои баде рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Мудири Сандуқи Байналмилалии Пул Доминик Страусс Кан рӯзи якшанбе ба хабарнигорон гуфт, агар ба масъалаи болоравии қиматҳо расидагӣ нашавад, дастовардҳои даҳсолаҳои гузашта комилан аз байн хоҳанд рафт. Дар идомаи барнома гузориши муфассалеро бо ҳам мешунавем.

XS
SM
MD
LG