Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун ба бозиҳои Олимпӣ намеравад


Мақомоти СММ гуфтанд, ки дабири кулл Бан Ки Мун дар маросими кушоиши бозиҳои олимпии тобистона дар Пекини Чин ширкат нахоҳад кард. Марие Окаба, сухангӯи СММ гуфт, ки вай тасмими худро аз муддатҳо пеш гирифтааст:

"Дар робита ба саволи марбут ба даъвати Дабири кулл барои ширкат дар маросими кушоиши бозиҳои олимпии Чин дар Пекин, бояд гуфт, ки Дабири кулл ҳукумати Чинро чанд моҳ пеш огоҳ карда буд, ки бо сабаби вуҷуди ихтилоф дар таърихи анҷоми баъзе нақшаҳояш, вай имкони ширкат дар ин маросими муҳимро нахоҳад дошт".

Хонум Окабе баъдан тавзеҳ дод, ки бо вуҷуди адами имкони ширкат дар бозиҳо, оқои Бан Ки Мун ҳатман рӯзе бо як сафари хизматӣ аз Чин дидан хоҳад кард. Мақомоти СММ гуфтанд, ки тасмими Дабири кулл ба танқидҳои афзояндаи Ғарб аз поймолшавии ҳуқуқи башар дар Тибет робита надорад.
XS
SM
MD
LG