Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эстафетаи машъали олимпӣ идома дорад


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Ин ҳафта машъали Бозиҳои олимпӣ тавассути ҳавопаймо аз қорраи Аврупо – шаҳрҳои Лондони Инглистон ва Пориси Фаронса – ба қитъаи Амрико – шаҳри Сан-Франсискои ИМА – оварда шуд.
Пеш аз оғози эстафетаи машъали олимпӣ дар ин ҷо намоиши эътирозии ҷонибдорони истиқлоли Тибет бо ширкати беш аз 7000 нафар доир гардид, ки онҳо таҳрими бозиҳои олимпиро дар Пекин талаб карданд. Вале дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Жак Рогге дар Маҷмаъи кулли Созмони кумитаҳои байнулмилалии олимпӣ дар Пекин таъкид намуд, ки вазифаи аслии ҳамаи мо баргузор кардани мусобиқоти хеле зебо мебошад. Варзишгарон ба ин, барҳақ, сазоворанд.
Ҷаноби Рогге афзуд, андешаи умумии таҳрими Олимпиада вуҷуд надорад, ҳарчанд баъзеҳо чунин ташаббус нишон медиҳанд. Инчунин дар ин Ассамблея раиси Созмони кумитаҳои миллии олимпӣ Марио Васкес Раня иброз дошт, ҳар кадом арбобе, ки барои имкони таҳрими Олимпиадаи Пекин ҳарф мезанад, ба хатои ҷиддӣ роҳ медиҳад.
Дар ҳоле, ки то оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 моҳҳои башумор мондааст,варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Ёдовар мешавем, то имрӯз 10 варзишгари Тоҷикистон дар 6 навъи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Пекин мушарраф шудаанд. Муштзанҳо Шералӣ Достиев, Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов, гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева, паҳлавонон Расул Боқиев оид ба гуштии дзюдо ва Юсуф Абдусаломов оид ба гуштии озод, камонвар Албина Камолиддинова, шиноварон Алишер Чингизов ва Екатерина Измайлова шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин ҳимоя хоҳанд кард.
Варзишгарони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҷумҳурии бо Тоҷикистон ҳамҷавори Қирғизистон низ барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин талош доранд. То имрӯз варзишгарони қирғиз соҳиби 11 роҳхати олимпӣ гардидаанд.
Тафсилоти бештари ин мавзӯъ дар гузориши ҳамкори мо Мирасрори Фарғонӣ аз шаҳри Бишкек.
13-уми апрел дар шаҳри Душанбе нахустин мусобиқоти бози Осиёи Марказӣ дар риштаи каратэ-киокушинкай баргузор мешавад. Дар ин мусобиқот ширкати ҳудуди 100 варзишгар аз кишварҳои минтақа ва баъзе давлатҳои Аврупо дар назар аст. Дар ин мавзӯъ суҳбате дорем бо Ҳикматулло Кароматов, раиси Федеросиюни каратэ-киокушини Тоҷикистон.
Ин ҳафта мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз шуд. Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар ду даври аввал дар майдони худ бар тимҳои CSKA «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 6:1 ва «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 4:2 пирӯз гардид, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. Мусоҳибаи хабарнигори мо бо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими «Регар» ТадАЗ, қаҳрамони футболи Тоҷикистон, ба таваҷҷуҳи шунавандагон пешкаш мешавад.
Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG