Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали олимпӣ ба Буенос-Айрес расид


Машъали олимпӣ имрӯз дар масири ҳаракат ба Пекин, пойтахти Бозиҳои олимпии тобистона, вориди Буенос-Айрес, пойтахти Аргентин шуд. Интизор меравад, ҳазорон нафар аз кормандони полис амнияти онро таъмин кунанд. Дар Сан-Франсиско, Порис ва Лондон машъал зимни эътирозҳои аз амалкарди Чин дар Тибет сабаби беназмиҳои хиёбонӣ шудааст. То расидан ба Пекин дар моҳи август, машъали олимпӣ бояд аз 20 кишвари дигар бигзарад.
XS
SM
MD
LG