Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 54 нафар дар яхдони мошини борбар


Мақомоти Тайланд гуфтанд, ки 54 муҳоҷири ғайриқонунии Миянмар, ки ба таври қочоқӣ мехостанд ба Тайланд дар дохили яхдони як мошини борбар интиқол ёбанд, ҷон доданд. Куллан дар дохили ин мошин 120 нафар ҷо гирифта будааст. 20 нафар аз ин мардони миянмарӣ барои муолиҷа ба касалхона интиқол ёфтанд. Полис тахмин мезанад, ки қочоқбарон барои интиқоли муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки бо ҳадафи пайдо кардани кор ба Тайланд омадаанд, пул гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG