Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифати Амрико ба ояндабинии IMF


Сандуқи байнулмилалии пул пешгӯии рушди иқтисодии ҷаҳонро камтар кард ва мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида рӯ ба пасрафти иқтисодӣ дорад. Шохиси рушди иқтисодии ҷаҳонро Сандуқи байнулмилалии пул аз 4,9 дарсади пешина ба 3,7% поин овард. Он бӯҳрони молии марбут ба фурӯпошии бозори манзили Амрикоро сабаби ин ҳолат номид. Аммо намояндагони аршади Иёлоти Муттаҳида ин хулосаро рад кардаанд ва мегӯянд, вазъи иқтисодиёти Амрико умедворкунанда боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG