Имрӯз нахустин сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Русия оғоз меёбад. Қарор аст, Бан Ки-мун дар Маскав бо президентҳои феълӣ ва ояндаи Русия, Владимир Путин ва Дмитрий Медведев мулоқот карда, дар Донишгоҳи Маскав суханронӣ кунад. Сар аз шурӯъи кораш дар маснади Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун расман ба Вошингтон, Порис ва Лондон сафар карда, танҳо акнун мехоҳад аз Русия ва Чин дидан кунад.