Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми собиқ раиси ҳайъати музокиракунандаи Эрон


Хабаргузории нимарасмии Эрон бо номи Форс иттилоъ медиҳад, ки собиқ раиси ҳайъати музокиракунандаи масоили ҳаставии Эрон Ҳусейни Мусавиён бо ҷурми расонидани зарар ба амнияти миллӣ шартан ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум шуд. Як мансабдор ба хабаргузории ёдшуда гуфтааст, ки Мусавиён ҳамчунон ҳақ нахоҳад дошт муддати панҷ соли оянда ягон вазифаи давлатиро ишғол намояд. Мусавиён дар давраи ҳукмронии президенти ислоҳотталаб Муҳаммади Хотамӣ раёсати ҳайъати музокиракунандаи Эронро бар ӯҳда дошт. Соли 2007-ум ӯро муддати кӯтоҳе бо иттиҳоми тақдими асрори барномаи ҳаставии Эрон ба сафорати Британия дар Теҳрон боздошт намуда, сипас баъди супурдани гаравпулӣ ва ё ба истилоҳи форсӣ "васиқа" аз зиндон раҳо карданд.
XS
SM
MD
LG