Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Панҷакент бо СПИД мубориза мебаранд


Як ҳайъати вижаи коршиносони байнулмилалӣ оид ба маризии ВИЧ СПИД ба Панҷакент ташриф овард ва фаъолияти кории Маркази ноҳиявии мубориза бо СПИД ва созмони ғайридавлатии "Бузург"-ро баррасӣ намуд.

Катя Бенс, як тан аз коршиносон гуфт, мақсади асосии ин гурӯҳ мониторинги созмони ғайридавлатии "Бузург" аст, ки тайи се сол боз машғул ба корҳои ҷилавгирӣ аз густариши СПИД ва бунёди марказҳои иҷтимоӣ мебошад. Ва ҳамчунин, гуфт ӯ, даъвати созмонҳои байнулмилалӣ барои кӯмак ба «Бузург» ва маркази тозтатаъсиси мубориза бар зидди СПИД дар ноҳия мебошад.

Абдулло Ҷабборов, сарвари маркази мубориза бо СПИД-и вилояти Суғд гуфт, ба сабаби адами ташхисгоҳи вижа барои муқаррар намудани маризии ВИЧ СПИД дар водии Зарафшон, мутахассисон наметавонанд теъдоди аслии мубталоёни ин бемориро муайян созанд. Айни замон, гуфт ӯ, ба воситаи ташхисгоҳи вилоятӣ ва ё ҷумҳуриявӣ беморон муайян карда мешаванд. Ин яке аз мушкилоти зиёд дар минтақа будааст.

Бино бар маълумоти Маркази мубориза бо СПИД-и вилояти Суғд, дар се моҳи ахир 15 гирифтори нави маризии ВИЧ СПИД дар вилоят ба қайд гирфита шудаанд. Дар маҷмӯъ, дар вилоят 290 маризи ВИЧ СПИД будааст, ки аз ин теъдод 15 нафарашон аз Панҷакент ва як нафари дигар аз ноҳияи Айнӣ будаанд.

XS
SM
MD
LG